- гул
- [گل]1. ғунча ва ё муғчаи вошудаи гиёҳон ва дарахтон, баргҳои рангини ба ҳам пайваста, ки баъзе гиёҳон ва дарахтон дар шохаҳои худ ҳосил мекунанд ва аз он тадриҷан тухм ё мева пайдо мешавад, шукуфаи гиёҳон ва дарахтон2. гиёҳҳое, ки барои гулҳои рангоранг ва хушбӯяшон мекоранд; гули даштӣ гули саҳроии худрӯй; гули навруста гули аввали баҳор; гули навшукуфта; гули наврӯзӣ гули аввали баҳор; гули намозишом гуле, ки вақти нишасти офтоб кушода мешавад, гули шомӣ; гули нор гули анор; гули ба сурхӣ моил, гули сурх; гули ошиқи печон гуле, ки шохаи он ба ҳар чизи ба вай наздик печида боло меравад; гули пажмурда гули афсурда; гули садбарг гули сурх, сафед ё гулобии калон-калони сербарг, вард; гули хайрӣ растание, ки гулҳои сафед, сурх ё бунафш дорад ва дар тибби халқӣ истифода мешавад, тугмачагул; гули хандон а) гули шукуфта; б) маҷ. ҷавони шоду хандон; гули ҳамешабаҳор а) гули доимсабз, гули ҳамешашукуфон; б) маҷ. рӯи маҳбуба; айёми гул // мавсими гул вақти шукуфтани гул; мавсими баҳор; иди гул иди баҳор; вақти нашъунамои гулҳо; фасли гул а) мавсими шукуфтани гул; б) киноя аз баҳор3. маҷ. беҳтарин чиз, зубдаи ҳар чиз4. маҷ. ҳар чизи нозук ва латиф ё ҳар шахси азиз ва маҳбуб; ба таври истиора: гули орзу, гули рухсор, гули боғи умед5. нақшу нигоре, ки ба шакли гул дар деворҳо кашида ё ба матоъҳо бофта мешавад; гул андохтан // гул партофтан ба чизе нақшу нигор кашидан, ҳар хел тасвир даровардан ба чизе; гул дӯхтан ба рӯи матоъ бо сӯзану ришта тасвир даровардан, гулдӯзӣ кардани матоъ6. маҷ. сурхакон (бемории хавфнок): гул баровардан; гул кардан а) шукуфта шудан, шукуфтани дарахтҳои мева ва растаниҳо; б) маҷ. боло рафтан, авҷ гирифтани чизе ё коре: гул кардани санъати ҷумҳурӣ; в) маҷ. масрур гаштан, шоду хандон шудан; завқу шавқ пайдо кардан; гул партофтан а) аз гул баромадан; б) ҳосил набаста рехтани гули растаниҳо; гул пошидан // гул фишондан (афшондан) ба роҳи касе ё ба рӯи чизе гул партофта, муҳаббату самимият изҳор кардан; аз гул баромадан гул партофта ба ҳосил даромадан◊ гули сари сабад чизи беҳтарин, писандидатарин, одами азизтар ва бақадртар дар байни як гурӯҳ, зинатбахши маҳфилҳо; гули чашм як навъ доғи сафеде, ки дар чашми одам пайдо мешавад; гули шамъ (чароғ) сари нимсӯхтаи пилтаи чароғу фатилаи шамъ; гул буридан дар коре маҳорати аз андоза берун нишон додан: гул буридан дар гап задан; гул-гул шукуфтан а) аз ҳад зиёд хурсанд шудан; болидан; б) нашвунамо кардан, ривоҷу равнақ ёфтан, тараққӣ кардан; гули мақсуд чидан ба мақсад расидан; гули умеди касе шукуфтан ба орзу расидан; аз гул нозук будан хеле нафис будан; бисёр нозук будан; аз сад гул якаш нашукуфтан ҳоло ҳама чиз дар пеш будан; акнун зоҳир шудани қувваю равнақ, ҳанӯз ҷавон будан; гул бе хор намешавад (мақ.) // гул хор дораду асал – ору (зарб.) а) ҳар чизи хуб ҷиҳати баде ҳам дорад; б) ганҷ бе ранҷ муяссар намешавад: одамӣ аз гул нозуку аз санг – сахт (мақ.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.